Тариқ Рамазон, олими шинохтаи умури Ислом, баъди бозпурсӣ дар Фаронса бо гумони "таҷовуз ва ҳамла" боздошт шуд.
Мақомоти Фаронса рӯзи чоршанбе гуфтанд, ки Рамазони 55-сола дар "чаҳорчӯби тафтишоти пешакӣ" таҳти боздошт қарор гирифт.
Ҳенда Айёрӣ, як фаъоли феминисти мусалмон, Тариқ Рамазонро ба таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ соли 2012 дар ҳуҷраи меҳмонхонаи Порис рух дод. Як зани дигар, ки номаш эълон нашудааст, гуфт, ки олими исломшинос ӯро соли 2009 дар меҳмонхонаи Lyon таҷовуз кард.
Тариқ Рамазон иттиҳомро рад мекунад ва вакили ӯ мегӯяд, ки ин ду зан барои бадном кардани зерҳимояааш забон як кардаанд.
Рамазон, ки набераи бунёдгузори созмони "Ихвонул-муслимин"-и Миср аст, аз мақомаш ҳамчун профессори улуми исломшиносӣ дар Донишгоҳи Oxford истеъфо дод.
Тариқ Рамазон пайваста дар матбуоти ғарбӣ зоҳир мешуд ва дар Фейсбук беш аз 2 миллион пайрав дорад.