Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдорони Русия ба "таҳрими олигархҳо" вокуниш карданд


Кремл

Кремл рӯйхати беш аз 100 сиёсатмадор ва "олигарх"-и наздик ба Владимир Путинро, ки рӯзи сешанбе Амрико эълон кард, "бисёр бесобиқа" номид. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, ба ин санад баъди таҳлилу баррасӣ метавон баҳо дод ё хулосабарорӣ кард.

Песков гуфт, барояш муҳим нест, ки ӯро низ ба "рӯйхати Кремлин" шомил карданд, аммо афзуд, ҳар касеро ба ин рӯйхат ворид карданд, дар асл "душмани Амрико" эълон шуд.

Шӯрои Федератсияи Русия "рӯйхати Кремлин"-ро талоши сарбасар задани элитаи Русия унвон кард. Дар ин бора Франс Клинтсевич, муовини аввали раиси Кумитаи амният ва дифои палатаи болоии порлумон назар дод.

Узви дигари Шӯрои Федератсия Константин Косачев гуфт, "гузориши Кремлин" таврест, ки гӯё мақомоти Амрико аз рӯйхати телефонҳои Кремл нусха бардоштаанд. Худи гузоришро Косачев "васвасаи сиёсӣ" номид.

Ба "гузориши Кремл" баъзе аъзои ҳукумат низ баҳо доданд. Аркадий Дворкович гуфт, "ӯ бояд дар ин рӯйхат мебуд" ва афзуд, "рӯйхати Кремлин" китоби "кӣ дар сиёсати Русия чӣ касе ҳаст"-ро ба ёд меорад. Дмитрий Рогозин "гузориши Кремлин"-ро як бахши формулаи "тарсондан ва маҷбур кардан" номид.

Ин гузоришро раҳбари мухолифин Алексей Навалний ҳам шарҳ дод. Ӯ гуфт, "мо шодем, ки онҳо (афроди воридшуда ба рӯйхати Вазорати молияи ИМА) расман дар сатҳи байналмилалӣ дузду фиребгар эътироф шуданд.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 30-юми январ "гузориши Кремлин"- рӯйхати сиёсатмадорон ва олигархҳои наздик ба Путинро нашр кард, ки метавонанд мавриди таҳрими Амрико қарор бигиранд.

Видеоҳои охирин

Welcome to Tajikistan. Милисаҳои тоҷик англисӣ меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:39 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG