Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони номи 4 тоҷик, ки дар сӯхтори Красногорск фавтиданд. ВИДЕО


Фавти 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтори Красногорски Русия
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:30 0:00

Мақомоти Тоҷикистон номи осебдидаҳои тоҷик дар сӯхтори шаби 28-уми январ дар Красногорски Русияро эълон карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамаи ин афрод сокинони ноҳияи Шаҳринав ҳастанд.

Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ гуфтанд, инҳо Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзод Холбоеви 13-сола, Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6-сола ҳастанд.

Мақомоти намояндагӣ гуфтанд, ки дар сӯхтор ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон осеб дидаанд, ки аз онҳо Асадбек Чориеви чаҳорсола ва Парвина Рӯзимаматоваи 24-сола ном бурда мешавад.

​“Феълан кормандони мо дар бемористоне ҳастанд, ки онҷо шаҳрвандони осебдида табобат мегиранд. Вазъи осебдидагон вахим гуфта мешавад”, - гуфтанд дар намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад.

Қаблан расонаҳои Русия гуфта буданд, сӯхтор дар манзиле сар зад, ки дар онҷо нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдак иҷоранашин буданд. Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Видеоҳои охирин

Бонки аврупоӣ мухолифи баста шудани "Агроинвестбонк" будааст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG