Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вазири собиқи корҳои дохилии Узбакистон. Аз арш то фарши Аҳмадбоев


Адҳам Аҳмадбоев, вазири собиқи корҳои дохилии Узбакистон

Адҳам Аҳмадбоев, вазири собиқи корҳои дохилии Узбакистон, ки моҳи декабри соли гузашта аз тарафи раиси ҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев ба “хиёнат” айбдор шуда буд, боздошт гардидааст. Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Узбакистон рӯзи 29-уми январ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Аҳмадбоев баъд аз зуҳри ҷумъаи гузашта дар хонааш дар шаҳри Тошканд сурат гирифт.

Ин рутбаро Адҳам Аҳмадбоев соли 2014, дар замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, гирифта буд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Адҳам Аҳмадбоеви 52-сола бо қарори Додситонии кулл ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Узбакистон интиқол ёфтааст. “Алайҳи ӯ рӯзи 29-уми январ расман айб эълон хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.

Як мақоми дигар дар Додситонии кулли Узбакистон низ хабари боздошти Адҳам Аҳмадбоевро тасдиқ кард. Вай гуфт, феълан тафтишоти қазияи ӯро муфаттишони Додситонии кулл анҷом медиҳанд.

То ба ҳол сабаби боздошти Адҳам Аҳмадбоев маълум нест. Аммо боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки охири моҳи декабри соли гузашта Шавкат Мирзиёев ӯро ба “хиёнат” айбдор кард. Мирзиёев дар ҷаласаи муштараки ҳукумат ва порлумони Узбакистон рӯзи 22-юми декабри соли 2017 гуфт, барои “хиёнат”-аш ӯро аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардааст.

Ин рутбаро Адҳам Аҳмадбоев соли 2014, дар замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, гирифта буд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

“Шумо медонед, ки собиқ вазири умури дохилӣ Аҳмадбоев бо хиёнатҳои худ ба давлат ҳоло дар куҷо аст? Ӯ ҳангоми вазири умури дохилии Узбакистон буданаш ба гуруҳе пайваста, ба давлат хиёнат кард. Пагонҳои ду генералро канда партофтам. Боз онҳо генерал-лейтенант будаанд”, - гуфта буд президенти Узбакистон дар нишасти моҳи декбари соли гузашта.

Адҳам Аҳмадбоев, ки аз соли 2013 вазири умури дохилии Узбакистон буд, моҳи январи соли 2017 аз мақомаш барканор шуд. Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Аҳмадбоев мушовири президент оид ба умури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъйин шудааст. Наздикони Аҳмадбоев гуфта буданд, ки ӯ моҳи марти соли гузашта ҳамчун омӯзгор ба Академияи ВКД Узбакистон фиристода шуд.

Адҳам Аҳамдбоев
Адҳам Аҳамдбоев

Адҳам Аҳмадбоев карйераи худро соли 1984 ба ҳайси маъмури милисаи ноҳияи Шайхонтохур сар карда, баъдан дар идораи умури дохилии вилояти Тошканд ва сипас дар дастгоҳи иҷроияи презиенти Узбакистон идома додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG