Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия намоиши "Марги Сталин"-ро манъ кард. ВИДЕО


Иосиф Сталин
Иосиф Сталин

Вазорати фарҳанги Русия иҷозатномаи иҷораи филми мазҳакавии "Марги Сталин", истеҳсоли Бритониёро, ки қарор буд, 25-уми январ дар 30 кинотеатри шаҳри Маскав ба намоиш дарояд, бозхонд.

Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский гуфт, намоиши филм ба хотири нақзи "ҳадди ахлоқии интиқоди таърих ва таҳқири он" манъ карда шуд.

"Бештари қишри калонсол онро на танҳо таҳқири тамоми гузаштаи Шӯравӣ, балки таҳқири артишу одамони оддии он ва кишваре қабул хоҳанд кард, ки бар фашизм пирӯз шудааст", - афзуд Мединский.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Русия намоиши "Марги Сталин"-ро манъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти синамогарони Русия Олга Любимова мегӯяд, дар филм маводе ҳаст, ки қонунгузории Русия нашру паҳни онро манъ кардааст ва бинобар ин, иҷозатномаи иҷораи филм бозхонд шуд.

Худи муаллифи филм Армандо Ианнуччӣ дар суҳбат бо Настоящее Время гуфт, ки онҳо пеш аз ба навор гирифтани "Марги Сталин" бо коршиносон ва русҳое, ки он замон ба воя расидаанд, машварат карда буданд.

"Мо пеш аз наворбардорӣ корҳои зиёдеро анҷом додем. Бо коршиносон суҳбат карда, бойгониро хондем ва бо муаррихон машварат кардем. Бо русиягиҳое суҳбат кардем, ки дар давраи Сталин ба воя расидаанд. Мо ба таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ ва он чи ки солҳои 1950-ум рух додааст, эҳтиром мегузорем ва чизеро пинҳон накардаем. Русиягиҳое, ки филмро тамошо кардаанд, мегӯянд, он хеле хандаовару дуруст омадааст", - афзуд коргардон дар суҳбат бо "Настоящее Время-Амрико" дар ҷашнвораи синамои Sundance.

XS
SM
MD
LG