Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Қирғизистон интихоботи навро "харҷи беҳуда" номид


Раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумабеков хабарҳои ахир дар бораи эҳтимоли пароканда шудани порлумони ин кишварро кори сиёсатмадороне номид, ки мехоҳанд, намояндагони кунунии мардумиро "сиёҳ" кунанд.

Ҷумабеков 23 январ ба рӯзноманигорон гуфт, барои пароканда кардани порлумон асосе намебинад ва ба назари ӯ, баргузор кардани интихоботи нави порлумонӣ дар Қирғизистон сарфи беҳудаи маблағҳо хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, танҳо вакилон ҳақ доранд, тасмим гиранд, ки порлумон пароканда шавад, ё не. Ҳамчунин афзуд, "касе кафолат дода наметавонад, ки ҷойи вакилони кунуниро шахсони арзандатаре хоҳанд гирифт".

Пештар баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки эҳтимол аст, порлумони Қирғизистон пароканда шавад. Худи вакилони қирғиз гуфтанд, ки дар ин бобат ҳеч гуфтугӯи расмие сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG