Алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 22-юми январ дар як нишасти матбуотии солона дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта ниҳоди зертобеаш 8 шикоят аз мавридҳои шиканҷа дарёфт кардааст. Ба қавли ҷаноби Ализода, инчунин ба Додситонии кулл низ 21 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, на дар ҳама ҳолатҳо шикоятҳо дар бораи шиканҷа исбот мешаванд. Аммо Зариф Ализода афзуд, дар соли гузашта алайҳи се корманди ВКД дар мавриди истифода шиканҷа парванда боз шуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, ки ду нафар аз ин маъмурони пулис кормандони ВКД дар вилояти Хатлон ва яке дигар аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт мебошанд. Аммо вай нагуфт, ки онҳо дар кадом ҳолат аз шиканҷа истифода кардаанд. Ҷаноби Ализода гуфт, алайҳи ин се корманди ВКД бо моддаи 143 иловаи 1, парванда боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.