Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандае дар Бурятия бо коктейли "Молотов" ба мактаб ҳамла кард


Мактаби Сосновий бор дар Улан-Удэ
Мактаби Сосновий бор дар Улан-Удэ

Субҳи 19-уми январ як наврас бо табар ва коктейли "Молотов" ба мактаби рақами 5-и шаҳри Улан-Удэ ҳамла кард. Дар ин бора пулиси маҳаллӣ ба сомонаи "Сибир.Реалии" иттилоъ дод.

Ин хонандаи синфи 9-ум маводи оташангезро ба синфхонае дар ошёнаи севум ҳаво дод ва чанд хонандаро захмӣ кард. Дар натиҷа беш аз 500 донишомӯз аз бинои мактаб, ки оташ мегирифт, ба ҷои бехавф интиқол ёфтанд.

Табибон мегӯянд, дар пайи ин ҳамла чаҳор нафар осеб дид. Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти маҳаллӣ, навраси ҳамлагарро боздошт ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасди куштори ду нафар ва ё бештар аз он" парванда боз кардаанд.

Рӯзи 15-уми январи имсол низ ду наврас дар мактаби рақами 127-и шаҳри Перм ба хонандагони синфи 4-ум ва омӯзгоре ҳамла кард. Дар натиҷа 15 одам захмӣ шуда, 8 тани онҳо дар ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Худи омӯзгор низ баъди ҷарроҳӣ ба худ омад. Ҳамлагарон бо қарори додгоҳ ду моҳ ҳабс шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG