Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби президенти Қирғизистон аз курсии вакилӣ даст кашид


Омурбек Банов -номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон
Омурбек Банов -номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон

Вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Бабанов аризаи истеъфояшро ба Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ фиристод. Дар ин бора мушовири ӯ Мурсулжан Намозалиев хабар дод. Аризаи Бабанов 15 январ ба Комисия супурда шудааст.

Омупбек Бабанов - рақиби асосии президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков баъд аз анҷоми интихобот рӯзи 23 октябр кишварашро тарк кард. Он замон наздикони Бабанов гуфтанд, ӯ барои табобат ба Москва рафтааст.

Баъдтар додситонии кулли Қирғизистон нисбати Бабанов бо моддаҳои "Даъвати омавӣ ба барҳам задани сохти конститутсионӣ" ва "Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва ё мазҳабӣ" парванда боз кард.

Охири соли 2017 Бабанов гуфт, ки аз сиёсат комилан канор меравад.

Комисияи интихоботӣ мегӯяд, ҳанӯз аризаи Бабановро дарёфт накардааст.

XS
SM
MD
LG