Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каромат Шарипов


Каромат Шарипов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1984 Омӯзишгоҳи олии низомию сиёсии Симферопол ва соли 1989 – Мактаби олии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Соли 2010 дипломи Академияи хидмати давлатӣ дар Қафқози Шимолиро бо ихтисоси «мудирияти давлативу маҳаллӣ» ба даст овардааст.

Шарипов худро бештар чун як низомии собиқ муаррифӣ мекунад. Солҳои 1984-1986 дар артиши шӯравӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва солҳои 1986-1991 дар сафи артиши советӣ дар Олмон хизмат кардааст. Соли 1991 баъди хатми хизмат дар Олмон ба ҳайати фармондеҳии Округи низомии Туркистон ба Тоҷикистон рафт ва дар сафи артиши шӯравӣ дар Кофарниҳон хизмат кард. Солҳои 1993-1996 дар ҳайати дивизияи 201-уми Русия (ҳоло пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон) кор кардааст. Солҳои 1996-2000 зери назари фармондеҳии Округи низомии Маскав қарор дошт.

Баъди тарки карераи низомӣ соли 2001 дар Русия бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории «Тоҷик-диаспора»-ро таъсис дод. Соли 2003 дар Маскав созмони ҷамъиятии "Народная Лига "Таджики"-ро ташкил кард.

Соли 2008 дар Маскав ҷумбиши "Таджикские трудовые мигранты" таъсис ва сабтином кард. Соли 2016 додгоҳи олии Русия бо талаби вазорати адлия созмонро бекор кард ва гуфт, ки ин ташкилот ба нақзи оинномаву протоколҳои анҷуман роҳ додааст.

Муассиси созмон Каромат Шариповро як шахси баҳсбарангез меноманд, ки бо изҳороти пурихтилофу моҷаробарангезаш дар матбуот маъруф шудааст. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст. Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дода буд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Худи Шарипов пайваста гуфтааст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG