Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар сӯхтори анбори пойфазол дар вилояти Новосибирск ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст. Қаблан расонаҳои русӣ иттилоъ доданд, ки соати 9 ба вақти маҳаллӣ бар асари сӯхтор дар анбори пойафзол даҳ нафар ҳалок шудааст.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русиярӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ягон нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар ин сӯхтор осеб надидааст. “Вақте ин хабарҳо дар матбуот пайдо шуд ва гуфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд, мо аз паяш шудем. Ҳоло маълум шуд, ки шаҳрвандони кишвари мо осеб надидаанд”-гуфт ӯ.
Масоҳати сӯхтор ду ҳазор метри мураббаъхро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ҳалокшудагон шаҳрвандони Чин, Қирғизистон ва Русия будаанд