Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия барои текноложии мушакҳои S-400 бо Русия музокирот мекунад


Мушакҳои зидди ҳавоии S-400 -и Русия
Мушакҳои зидди ҳавоии S-400 -и Русия

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гафт, ки Анкара барои интиқоли текноложӣ -як бахши созиши зиддунақизи харидории сохтори мушакҳои зиддиҳавоии S-400, музокиротро бо Маскав идома медиҳад.

Човушоғлу гуфт, ки харидории сохтори мушакӣ зарур буд ва Туркия ба он "оҷилан ниёз дошт". Анкара созиши харидории сохтори мушакҳои зидди ҳавоии Русияро рӯзи 27 декабр расман эълон кард ва бо ин нигаронии шадиди шариконаш дар паймони НАТО-ро ба бор овард.

"Мо талош кардем сохтори мушакиро аз шарикони худ дар НАТО харидорӣ кунем, аммо ин имконпазир нашуд",- гуфт Човушоғлу рӯзи 1 январ ба хабаргузории dpa. "Русия ба мо беҳтарин пешниҳодро дод ва барои ҳамин мо ин мушакҳоро аз Русия ворид мекунем",- афзӯд вазири Туркия.

Муомилот бар сари созиши 2,5 миллиард долларӣ идома дорад ва ба гуфтаи Човушоғлу аввалин бахшҳои интиқоли сохтори S-400 соли 2020 оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG