Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба се мақоми КДАМ рутбаи генералӣ дод


Бо фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шуморе аз мақомоти баландояи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон унвони баланди низомӣ дода шудааст. Хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр хабар доданд, ки бо фармонҳои президет ба муовини аввали раиси КДАМ Мансурҷон Умаров рутбаи "генерал-лейтенант", ба муовини раиси КДАМ Нусратулло Мирзоев ва сардори раёсати КДАМ дар Хатлон Шомуддин Шарифов рутбаи генерал-майор дода шуд.

28-уми декабр дар Тоҷикистон "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ" таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони КДАМ мулоқот кардааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидии қудратӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти КДАМ ин мубориза бо терроризм мебошад. Мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир аз чандин амалҳои террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҳифзи марзҳои Тоҷикистон низ ба ӯҳдаи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вогузор шудааст ва мубориза бо интиқоли маводи мухаддир аз он сӯи дарёи Ому, аз чолишҳои дигарест, ки нерӯҳои амнияти миллӣ дар баробари он қарор доранд.​

Видеоҳои охирин

Занони манотиқи марзӣ: "Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG