Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули зиндониҳо дар байни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабон


Макони тафтиш дар назди постгоҳи Маёрск.27 декабри соли 2017

Ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони ба ном Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск барои табодули зиндониён ба мувофиқа расиданд. Бахши украинии Радио Озодӣ хабар дод, ки нимаи рӯзи 27 декабр се мошини ҳомили 16 сарбоз ба қаламрави Украина гузаштанд. Бар поияи созиш озодшавии 74 нафар дар назар аст. Ҷудоиталабон сарбозони зиндонии Украинаро дар қарибиҳои Ҳорливка, наздикии хати ҷанг дар Донетски Украина таслим карданд. Сарбозони озодшуда аз онҷо бо чархбол ба Харков интиқол меёбанд. Нерӯҳои Украина зиндониҳои тарафи муқобилро бегоҳ ба ҷудоиталабон медиҳанд.

Мақомоти Украина ва ҷудоиталабон рӯзи 25 декабр созиш дар бораи табодули зиндониҳоро тасдиқ карданд. Ирина Ҳерашченко, муовини аввали раиси порлумони Укриана гуфт, ки ҷудоиталабон рӯзи 27 декабр 74 украиниро озод мекунанд. "Мо ин 74 нафарро бо 306 нафар иваз мекунем",- гуфт Ҳерашченко.

Александр Захарченко, раҳбари ҷудоиталабони минтақаи Донетск низ тасдиқ кард, ки табодули асирон аз рӯи формулаи "306 ба 74" сурат мегирад. Захарченко табдулро танҳо марҳилаи аввал номид, ки эҳтимол роҳро барои иваз кардани зиндониҳои дигар боз мекунад. Ӯ гуфт, ки рӯйхати зиндониҳои бештар дар ҳоли омодашавист.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG