Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги додситони пешини Аргентина "куштор" эълон шуд


Додситони кушташудаи Аргентина Алберто Нисман
Додситони кушташудаи Аргентина Алберто Нисман

Додгустари Аргентина гуфт, додситон Алберто Нисман, ки соли 2015, чанд рӯз баъди интиқодаш аз президент Кристина Фернандез мурда ёфт шуд, дар асл кушта шудааст. Нисман президент Фернандезро ба пинҳон кардани нақши Эрон дар бомбагузорӣ дар маркази ҷомеаи яҳудиҳо, соли 1994, айбдор кард.

Ҷасади додситон Нисман бо захми тир дар ноҳияи сараш, дар ҳоле ёфт шуд, ки ӯ баъди чанд соат бо ҷузъиёти айбномаи президент Фернандез дар Конгресс суханронӣ мекард.

Президент Фернандез ва дигарон марги Нисманро "худкушӣ" номиданд.

Аммо додгустар Ҷулиан Эрколинӣ дар ҳукми 656 саҳифагӣ, ки рӯзи 26 декабр пахш шуд, гуфт, ӯ далели собит дорад, ки марги Нисман худкушӣ набуд.

Кристина Фернандез, ки ҳоло сенатор аст, аввали моҳи декабр дар заминаи айбномаи таҳиякардаи Алберто Нисман, ки ӯ Эронро аз ҳамла ба маркази яҳудиҳо пок мекард, ба хиёнат маҳкум шуд. Гуфта мешавад, ки Фернадез дар пайи равобити беҳтар бо Теҳрон ва созиши иваз кардани гандум бо нафт буд.

Теҳрон даст доштанаш дар ин бомбагузориро, ки 85 нафарро кушта бар ҷой гузошт, рад мекунад.

XS
SM
MD
LG