Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев гуфт, буҷет барои мардум аст, на Вазорати молия


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, гуфт, ки тарҳи қонун дар бораи буҷети давлатии соли 2018-ро имзо нахоҳад гузошт. То замоне ки, ба гуфтаи ӯ, “ин тарҳ ҳамаҷониба ва амиқ омӯхта нашавад”.

Мирзиёев рӯзи 22-юми декабр, ҳангоми ироаи паём ба ду палатаи порлумони Узбакистон, гуфт, замоне ин тарҳро имзо хоҳад кард, ки он на ба нафъи Вазорати молия, балки ба манфиати мардум бошад.

Аз ин қабл, рӯзи 21-уми декабр, вакилон дар доираи нишасти худ тарҳи буҷети давлатӣ барои соли 2018-ро, ки Вазорати молия пешниҳод карда буд, пазируфтанд.

XS
SM
MD
LG