Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо гумони қатли зан ва духтари ҳаштсолааш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр гуфтанд, ки ин мард ба бадани зан 17 корд ва ба ҷисми духтараш 6 корд задааст.
Аз гумонбар ному насаб бурда намешавад. Танҳо дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ӯ 42-сола буда, солҳои ахир ба ҳайси устои таъмири хона кор мекард.
“Ӯ рӯзи 21-уми декабр бо ҳамсараш, зани 36-сола, ҷанҷол карда, бо корд 17 бор ба узвҳои баданаш задааст. Баъдан, ба узвҳои бадани духтари ноболиғи 8-солааш, хонандаи синфи 2-юм, низ шаш дафъа корд задааст. Дар натиҷа, зан ва фарзанди ноболиғаш ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - гуфта шудааст дар иттилоия.
То ҳол наздикони гумонбар ва вакили дифоаш дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, асли қазия кадом аст. Аммо мақомот мегӯянд, гумонбар баъдан ба хонаи яке аз ҳамдеҳаҳояш, марди 36-сола рафта, ба гардани ӯ низ як кор задааст. Дар натиҷа, ин мард ҷароҳат бардошта, феълан дар беморхона бистарист.
Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.