Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик аз кочоқи тақрибан 1,5 тонна шираи камол аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 22-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин миқдор шираи камол аз дохили мошини С.С., сокини вилояти Суғд дар гузаргоҳи Панҷи Поён ошкор шуд.

Ин ронанда миқдори бузурги шираи камолро дар зери халтаҳои семент пинҳон карда, мехост онҳоро ба Афғонистон интиқол диҳад. Ба гуфтаи Мирбозхонова, маълум шуд, ки ронанда маҳсулоти як соҳибкори афғонро ба Афғонистон интиқол медодааст.

“Дар бордони автомошина аслан семент ҷой дода шуда буд, вале дар поёни бордон ҷойи махсус сохта шуда, он ҷо дар 66 зарфи 20 литра 1 тонаву 440 килогарм шираи камоли бадбуйро пинҳон карда буданд”-гуфт ӯ.

Аҳмадуллоҳ Амин, соҳибкори афғон гуфтааст, ин маҳсулотро аз як соҳибкори дигар бо ваъдаи пардохти 2 ҳазор доллар мехост ба Афғонистон бибарад.

Феълан, нисбат ба соҳибкори афғону ронандаи тоҷик бар асоси ду модаи Кодекси ҷиноятӣ, 234 - “ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо” ва 289 - “Қочоқ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

То соли 2008 шираи камол озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар ва тағйир дар қонунгузорӣ фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуда буд. Феълан, танҳо ба ширкати "Фароз" иҷозаи коркард ва содироту фурӯши шираи камол дода шудааст.

Камол як навъе буттаи худрӯй аст, ки то 1,5 метр баландӣ дорад. Аслан, ба хотири истеҳсоли чанд навъи дору, шираи ин буттаро аз тан ва решааш мегиранд.

Маъмулан, аз Тоҷикистон шираи камол ба Покистону Ҳиндустон содир мешавад. Соҳибкорон мегӯянд, барои як килограми он дар Покистон аз 60 то 100 доллари амрикоӣ маблағ пардохт мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG