Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин маъракаи интихоботияшро бо даъвати ҳимояи "эътидол" оғоз кард


Усқуф Тихон ва Владимир Путин
Усқуф Тихон ва Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин маъракаи интихоби дуборааш ба мақоми президентро бо даъвати ҳимояи "озодӣ ва эътидол" оғоз кард. Путин ҳамчунин ба мардуми кишвар пешниҳод кард, ки аз талошҳои таъсиргузорӣ аз хориҷ ва ҳаркатҳои мухолифини дохилӣ, ки мехоҳанд сиёсатро такон диҳанд, ҷилавгирӣ шавад. Изҳороти Путин рӯзи 19 декабр дар ҳалқаи тарафдоронаш, як рӯз баъди оғози расмии маъракаи интихоботӣ, пахш шуд.

Ба мисли маъракаҳои интихоботии пешин Путин Русияро як кишвари қавии худкифо тасвир кард, ки таҳти раҳбарии ӯ бар мушкилот пирӯз шуд ва ба муваффақият расид. "Баъди суқути Шӯравӣ мо бисёр суханрониҳои ширинро шунидем, аммо дар асл касе ба мо кӯмак накард ва мо ҳам сари касе ҳисоб накардем",- гуфт Владимир Путин.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, 18 сол пеш ӯ Русияеро мерос гирифт, ки ба зону нишаста буд ва дар тули ин солҳо дубора қомат рост кард. Путин гуфт, "мо натанҳо тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Русияро ҳифз кардем, балки барои рушди кишвар дар масири бисёр муҳим қадамҳои сарнавиштсоз бардоштем".

XS
SM
MD
LG