Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп президенти Узбакистонро ба ИМА даъват кард


Парчамҳои ИМА ва Узбакистон
Парчамҳои ИМА ва Узбакистон

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 декабр бо президенти ИМА Доналд Трамп суҳбати телефонӣ анҷом дод. Роҳбарони ду давлат вазъи имрӯз ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд,- хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Узбакистон.

Дар ин суҳбат масоили таъмини амният дар минтақа, танзими вазъи Афғонистон, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва тундгароӣ низ матраҳ шудааст.

Президентҳо гуфтанд, барои барқарорсозии иқтисоди Афғонистон кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Дар ин робита аз лоиҳаҳое, ки дар ҷараёни сафари президенти Афғонистон ба Узбакистон тасдиқ шуданд, истиқбол шуд. Президенти Афғонистон ибтидои моҳи ҷорӣ ба Узбакистон сафар карда буд.

Доналд Трамп аз сиёсати бози хориҷии Узбакистон ва талоши барқарорсозии робитаҳои неки ҳамсоядорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол кард.

Трамп аз Мирзиёев даъват кард, ки ба хотири баррасии рушди робитаҳои дуҷониба бо сафари расмӣ ба ИМА биёяд.

XS
SM
MD
LG