Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи қатор дар Вашингтон се кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт


Саҳнаи садамаи қатор дар Вашингтон

Субҳи рӯзи душанбе қатори баландсуръат дар қисмати ғарбии аёлати Вашингтон ба садама дучор шуд. 77 нафар ба бемористон интиқол ёфт ва то бегоҳи ҳамон рӯз марги дастикам се нафар тасдиқ шуд.

Қатори масири Сиэтл -Портленд, ки бори аввал дар хати нав ҳаракат мекард, дар наздикии шаҳри Такома аз релс берун шуда, ба шоҳроҳе афтод, ки аз зери роҳи оҳан мегузашт. Ду вагон ба поён афтид ва ду вагони дигар аз пул овезон шуд. Дар маҷмуъ 13 вагон аз релс, ё хати роҳи оҳан берун омад.

Суръати ҳадди аксари ҳаракат дар масири нав 132 километр дар соат муаян шудааст. Маълум нест, ки қатор ҳангоми гузашта аз пул бо чӣ суръат ҳаракат мекард ва ҳолати роҳи оҳан чигуна буд.

Бинобар қонуни ИМА то охири соли 2018 ҳамаи қаторҳои босуръат бояд аз тормозҳои автоматикӣ бархурдор бошанд, ки ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои хатарноки роҳ суръати ҳаракатро кунд мекунад. Аммо тормози автоматии қатори ахир кор накард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG