Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони террооризм дар Петербург


Амалиёти вежаи ФСБ дар Санкт Петербург

Кремл эълон кард, ки бо кумаки созмони истихборотии Амрико ё CIA аз чанд ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург пешгирӣ шудааст. Дар иттилоияи ҳукумати Русия, ки рӯзи 17 декабр пахш шуд, гуфта мешавад, гумонбарон қасд доштанд дар калисои Қазони Санкт-Петербург ва чанд ҷои дигари серодами ин шаҳр ҳамла анҷом диҳанд.

Яке аз ин боздоштшудаҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Мақомоти Русия боздоштшудаҳоро - Шомил Омаргаджиев аз Доғистон, Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон ва Фирӯз Калавуров аз Тоҷикистон муаррифӣ кард. Мақомоти тоҷик то ба ҳол дар мавриди шаҳсияти Фирӯз Калавуров изҳори назар накардаанд.

Рӯзи ҷумъа мақомот Евгений Ефимов -- фардеро, ки эътироф кардааст ба таври ғайриқонунӣ барои таркиш дар калисои Қазон маводи тарканда месохтааст, боздошт кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG