Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мегӯяд, ки дар пайи сабукдӯш кардани Роберт Мюллер нест


Мушовири вежа Роберт Мюллер
Мушовири вежа Роберт Мюллер

Раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, ки эҳтимоли аз мақом сабукдӯш кардани мушовири вежаи қазияи дахолати Русиия ба умури интихоботи соли 2016, матраҳ нест. Роберт Мюллер ва тими ӯ ҳамчунин бояд ҳамагуна эҳтимоли созиши пасипардагии тими давраи интихобтии Трамп бо Русияро таҳқиқ кунад.

"Не, ман инро баррасӣ намекунам",- гуфт Трамп рӯзи 17 декабр дар посух ба суоли хабарнигорон, аммо мавзӯъро бештар аз ин шарҳ надод.

Ҷумҳурихоҳон бетарафии таҳқиқоти Мюллерро дар ин қазия зери суол буда, Демократҳо ва мунақидони дигари Трамп мегӯянд, ки маъмурияти Кохи сафед барои аз мақом сабукдӯш шудани Мюллер замина омода мекунад.

Трамп пайваста бозҷӯии Роберт Мюллер дар заминаи эҳтимоли дахолати Русияро танқид мекунад ва онро "шикори аҷузаҳо" ном гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки чаҳор нафари наздик ба Трамп дар чаҳорчӯби бозҷӯӣ муфаттишони Мюллер ба гуноҳи худ эътироф карданд.

Мушовири умури сиёсати хориҷӣ Ҷорҷ Паподопулос эътироф кард, ки дар робита ба қазия ба агенти ФБр дуруғ гуфта буд ва ҳоло бо муфаттишони Мюллер ҳамкорӣ мекунад.

Майкл Флинн, ки як муддати кӯтоҳ мушовири амниятии Кохи сафед буд, ҳамчунин қоил шуд, ки дар робита бо тамосҳояш бо Русия ба Идораи федеролии таҳқиқот дуруғ гуфт ва ӯ ҳам ба ҳамкорӣ бо тими Мюллер розӣ шуд.

Пол Манафорт - раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ва коршарики тиҷоратии ӯ Рик Гейтс - моҳи октябр ба як идда қонуншиканиҳо, бо шумули тавтеа алайҳи Амрико ва дуруғ гуфтан ба агенти ФБР муттаҳам шуд. Ин ду нафар иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG