Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат, Мирамон ва Мирзиё – номи сегоникҳо дар Узбакистон


Як оила дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразми Узбакистон номи сегоникҳои худро Шавкату Мирамон ва Мирзиё гузоштанд. Хонаводаи Мансурбек Отаҷонови 29-сола гуфтанд, ки ин номҳо ба хотири эҳтиром ба раиси ҷумҳур – Мирзиёев Шавкат Мирамонович – интихоб гардид. Сегоникҳо ҳафтаи гузашта ба дунё омадаанд.

Мансурбек Отаҷонов, падари сегоникҳо, дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор мекард, аммо ахиран ихтисор шуд.

Баҳодур, бобои сегоникҳо, рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан саломати набераҳояш хуб аст, аммо дар айни замон афзуд, барои нигоҳубини онҳо ба кумаки ҳукумат ниёз доранд.

“Ҳафтаи гузашта раиси ноҳияи Гурлан Қаҳрамон Эгамберганович омада табрик кард. Онҳо баъди навиштани номаи мо ба сайти президент омаданд. Агар ёрӣ мекарданд, хуб буд, чун нигоҳубинашон мушкил аст”, - афзуд бобои сегоникҳо.

Ин бори аввал нест, ки волидони сегоникҳо дар Узбакистон ба хотири раиси ҷумҳур номи фарзанди худро Шавкату Мирамон ва Мирзиё мегузоранд. Моҳи апрели имсол Ҷамшед Шодиев, сокини Бухоро, низ сегоникҳои худро чунин номгузорӣ карда буд.

Дар замони раёсати Ислом Каримов, президенти собиқи Узбакистон, барои сегоникҳо гузоштани исми Ислом, Карим ва Абдуғанӣ одат шуда буд.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG