Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миттал ангиштканҳои норозии қазоқро ба додгоҳ кашид


Бинои идораи конҳои ангишт дар Саранск
Бинои идораи конҳои ангишт дар Саранск

Ширкати “Арселор Миттал Темиртау” (АМТ) аз додгоҳҳои Шахтинск, Абай ва Сарани вилояти Қарағандаи Қазоқистон талаб кард, то корпартоии садҳо ангишканро, ки чаҳор рӯз мешавад, дар зери замин идома дорад, ғайриқонунӣ эълон кунанд.

Корфармо аз додгоҳ хостааст, ки ангиштканҳо ва масъулони иттифоқи касабаи “Коргау” ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар додгоҳи шаҳри Шахтинск гуфтанд, ки дархости АМТ-ро дар ин бобат дарёфт кардаанд ва қарор аст, он нимаи рӯзи 14 декабр баррасӣ шавад.

Дар Қарағанда садҳо нақбкан беш аз чаҳор шабонарӯз аст, дар зери даст ба эътироз задаанд. Теъдоди онҳо ба 700 нафар мерасад. Маъданчиёни норозии қазоқ асосан талаб доранд, ки музди меҳнаташон дубаробар баланд, синни нафақа аз 50 ва дар соли 2017 маоши 13-ум пардохт шавад.

Ҳукумати Қарағанда ва АМТ 13 декабр хабар доданд, ки мудири ширкат Парамжит Калон аз коргаронаш даъват кардааст, ки аз зери замин берун бароянд, зеро ба гуфтаи мудир, “корпартоӣ мушкилро ҳал нахоҳад кард”.

Мақомоти Қарағанда низ 13 декабр иттилоъ доданд, ки роҳбарияти вилоят шаби чоршанбе ба шахтаҳо фаромада, бо нақбканҳо гуфтугӯ кардааст ва ба иддаои мақомот, баъди ин суҳбат беш аз 150 нақбкан розӣ шудаанд, аз зери замин берун бароянд. Худи нақбканон мегӯянд, ба далели вазъи бади саломатӣ “бархе аз онҳо” берун баромадаанд.

XS
SM
MD
LG