Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аббос: Трамп Байтулмуқаддасро тавре ба Исроил дод, ки гӯё як шаҳри ИМА бошад


Маҳмуд Аббос, раҳбари фаластиниҳо, гуфт, қарори Амрико дар заминаи эътирофи Байтулмуақаддас ҳамчун пойтахти Исроил ҷинояте буд, ки нақши ИМА-ро дар музокироти сулҳи Ховари Миёна ба нестӣ бурд.

Ӯ рӯзи 13-уми декабр зимни суханронӣ дар нишасти оҷили Созмони Конфронси Исломӣ ба раҳбарони мусалмон гуфт, Трамп Байтулмуқаддасро тавре ба Исроил бахшид, ки он гӯё як шаҳри Амрико бошад.

Нишасти Истанбулро президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мизбонӣ кард. Ӯ аз мунтақидони ашаддии қарори ахири Трамп аст.

"Ман аз тамоми кишварҳо даъват мекунам, ки бо пуштибонӣ аз қонунҳои байналмилалӣ Байтулмуқаддасро пойтахти ишғолшудаи Фаластин эътироф кунанд", - гуфт Эрдуғон дар муроҷиат ба раҳбарон ва вазирони 50 кишвари мусалмонии дунё.

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 6-уми декабр Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард ва дастур дод, ки сафорати Амрико аз шаҳри Тел-Авиви Исроил ба Байтулмуқаддас кӯч дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки Фаластиниҳо Байтулмуқаддасро пойтахти давлати ояндаи худ мешуморанд. Қарори Трамп дар бисёре аз кишварҳои дунё, бо шумули Аврупо, мояи нигарониву норозигӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG