Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ: Хонаҳоро бо сифати баланд созед. ВИДЕО


Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш. Акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш. Акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ рӯзи 11-уми декабр дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт аз 11 моҳи кораш ба ҳайси шаҳрдори Душанбе натиҷагирӣ кард. Ҷилавгирӣ аз сохтмони бесифати хонаҳо, назорати фурӯши маҳсулоти хориҷӣ, таъмини аҳолии шаҳр бо барқу гармӣ, вазъи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва пешгирӣ аз ғасби замин аз масоиле буд, ки шаҳрдори Душанбе ба ҳалли онҳо таъкид намуд.

Як сол нагузашта ранги девори биноҳо мерезад ва аз бом об мечакад. Баъдан аз нигоҳи беҳдоштӣ ба сифати хонаҳо баҳо дода шуд, ки деворҳо зуд пупанак пайдо мекунад

Дар ҷаласаи мазкур журналистони мустақил иштирок накарданд. Барзе аз иштирокдорон баъд аз анҷоми маҷлис гуфтанд, ки шарҳдори Душанбе аз сохтмончиён даъват кардааст, ба сифати манзилҳои навбунёд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бидиҳанд.

"Бебандуборӣ бояд хотима ёбад"

Набот Авезов, мудири муассисаи нигоҳдории иншооти Душанбе, рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Рустами Эмомалӣ таъкид кард, баъзе биноҳои баландошёна бо нуқсу камбуд сохта мешаванд, ки аз тарафи комиссияи сохтмон қабул намегарданд. Онҳо дубора маблағ сарф карда, хонаҳоро месозанд. Вай гуфт, ба ин бебандуборӣ поён дода шавад. Боз раиси шаҳр дар бораи масъалаи таъмини шаҳр бо гармӣ, тозагӣ ва партовгоҳҳо сахт гап зад”.

Ба таъкиди Баҳриннисо Солеҳова, вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар масъалаи сохтмони хонаҳо қотеона сухан карда, ба масъулон дастур дод, дар ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир кунанд: “Дар ҷаласа гуфта шуд, вақте хонаҳои баландошёна месозанд, як сол нагузашта ранги девор мерезад. Аз бомаш об мечакад. Баъдан аз нигоҳи беҳдоштӣ ба сифати хонаҳо баҳо дода шуд, ки деворҳои хонаҳо зуд пупанак (грибок) пайдо мекунад. Дар хонаҳо ҳаво намерасад ва сабаби пайдоиши бемории астма, грипп ва бемориҳои дигари сироятӣ мешавад”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рустами Эмомалӣ гуфт, "хонаҳо бо сифати баланд сохта шаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Ин дар ҳолест, ки Рустами Эмомалӣ дар давоми 11 моҳи раҳбариаш ҳамчун шаҳрдори Душанбе татбиқи барномаи ислоҳоти симои пойтахт, яъне Генпланро идома дод ва яке аз тасмимҳои вижааш – бунёди ҳатмии майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаҳо шуд. Вакили маҷлиси шаҳр Мӯсо Асозода ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи барномаҳои ояндасозии пойтахт барои то соли 2025 Рустами Эмомалӣ таъкид кардааст, ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳое, ки аз тарафи шахсони алоҳида харидорӣ шудаанд, санҷида шаванд.

Асозода гуфт, “корхонаҳое, ки аз тарафи шахсони алоҳида харидорӣ шудаанд, оё фаъолият доранд? Замине, ки дар он фаъолият доранд, чӣ тавр истифода мешавад? Ин мавриди таваҷҷӯҳи чиддии шаҳрдор буд ва талаботро низ сахттар кард”.

Ҳамзамон бо ба чолиш кашидани проблемаҳои ҷойдоштаи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз вакилони маҷлис хостааст, ки бо мардум бештар рӯ ба рӯ шаванд ва ҳамроҳи ҷомеа масъалаҳои пешниҳодиро матраҳ ва баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, шаҳрдори Душанбе хостааст, то мақомоти пойтахт бо мардум бештар ҳамкорӣ кунанд ва аз ин тариқ дар ободиву рушди пойтахт саҳми бигиранд.

Акс аз ҷараёни иҷлосия аз вебсайти шаҳрдорӣ гирифта шудааст
Акс аз ҷараёни иҷлосия аз вебсайти шаҳрдорӣ гирифта шудааст

Дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ тарҳи буҷети пойтахт барои соли 2018 ва лоиҳаи "Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025" баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Дар муддати раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар мақоми шаҳрдори Душанбе ҷамъоварии маблағ аз волидон барои таъмири мактабу кудакистонҳо манъ шуд ва истгоҳҳои муосири нақлиёти мусофирбар бунёд шуд. Тағйироти дигар - гузоштани арчаи солинавии 25-метрӣ се ҳафта қабл аз фарорасии соли нав ҳам бо тасмими шаҳрдории Душанбе анҷом шуд.

"Бо мардум бештар дар тамос бошед"

Бархе коршиносон мегӯянд, бо ин ки талошҳо барои ба як шаҳри замонавӣ табдил додани Душанбе идома дорад, мушкилоти пойтахт ҳамоно зиёд мебошад. Бархе фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, шаҳрдори пойтахт бояд бо ҷомеа наздиктар бошад ва мисли дигар мақомдорон, ҳадди ақал ду бор дар як сол бо матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад.

Рустами Эмомалии 29-сола, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми январи имсол раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Убайдуллоев тайи 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG