Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъмори испанӣ ба Назарбоев ваъда дод, Остонаро бо гунбаз мепӯшонад. ВИДЕО


Дар маркази шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон меъмори маъруфи Испания гунбазеро бунёд хоҳад кард, ки зери он "умрбод тобистон" хоҳад буд. Дар гулгашти Нуржоли Остона аллакай биноҳои Норман Фостер ва Кисё Курокава қомат афрохтаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин гунбаз аз ҳисоби сармояҳои хусусӣ бунёд хоҳад шуд.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бори нахуст соли 2012 гуфта буд, ки дар Остона гунбазе бунёд мешавад. Аз он замон ба ин сӯ, мақомоти Остона идеяи мазкурро баррасӣ мекарданд, вале замони иҷрои он маълум набуд. Меъмори маъруфи Испания Сантяго Калатрава алоқамандии худро барои иштирок дар иҷрои тарҳ баён карда буд.

Ӯ то ҳол дар Валенсия Шаҳри илму ҳунар, дар аёлати Висконсин Осорхонаи бадеии Милуоки, дар Санта-Крус театри опера, дар Байтулмуқаддас пул ва як қатор иншооти замонавию хотирмон бунёд кардааст.

Бар пояи тарҳе, ки Калатрава бо Нурсултон Назарбоев баррасӣ кард, гунбаз дар гулгашти Нуржол сохта хоҳад шуд. Тарҳи ин гулгаштро меъмор Кисё Курокава кашидааст. Сокинони Остона онро Гулгашти обии сабз меноманд. Он қароргоҳи президентро бо фурӯшгоҳи Хан-Шатир мепайвандад, ки аз тарафи меъмори маъруфи бритониёӣ Норман Фостер бунёд шудааст.

Центр искусств и науки в Валенсии

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрдори Остона арзиши тарҳ ва муҳлати иҷрои онро эълом намекунанд. "Ҳоло ҳисобу китоби тарҳ идома дорад. Дар он сармоягузорони хориҷӣ иштирок хоҳанд кард. То корҳо ба поён нарасанд, мо наметавонем, ҷузъиёти онро бигӯем. Ҳамин қадар гуфта метавонем, ки он аз ҳисоби сармояҳои хусусӣ бунёд мешавад", - гуфт шаҳрдори Остона Асет Исекешев.

"Ин на танҳо як тарҳи меъмории замонавӣ, балки як маконе ҳам хоҳад шуд, ки бисёре аз одамонро бо ҷои кор таъмин карда, барои тиҷорати хурду бузург низ имкониятҳоеро фароҳам хоҳад сохт", - афзуд шаҳрдор.

Меъмори испанӣ ба Назарбоев ваъда дод, Остонаро бо гунбаз мепӯшонад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:10 0:00

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG