Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никки Ҳейли: Трамп ба тарҳи сулҳи Исроилу Фаластиниҳо пойбанд аст


Никкӣ Ҳейли

Никки Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба тарҳи сулҳи миёни Исроилу Фаластиниён пойбанд аст. Ин изҳороти Ҳейлӣ дар Шӯрои амнияти СММ баъди он садо дод, ки тасмими Трамп дар мавриди ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил боис ба интиқоди зиёд шуд.

Ҳазорон фаластинӣ рӯзи 8-уми декабр дар эътироз ба ин тасмим дар Навори Ғазза, Каронаи ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси шарқӣ роҳпаймоӣ карданд. Аммо Никки Ҳейлӣ гуфт, Вашингтон ҳам дар канори Исроил ва ҳам дар канори Фаластин қарор дорад.

Ӯ гуфт, “Исроил монанди ҳамаи миллатҳои дигар ҳаққи муайян кардани пойтахти худро дорад. Байтулмуқаддас маҳалли порлумон, раёсати ҷумҳурӣ, нахуствазир, додгоҳи олӣ ва бисёре аз вазоратхонаҳост. Ин ба маънои соддаест, ки сафоратхонаҳо низ бояд дар онҷо бошанд. Дар воқеъ, дар сафорати Амрико дар пойтахти ҳар кишвари мизбон қарор дорад. Исроил набояд фарқ кунад.”

Бархе аз кишварҳои мусалмонӣ, арабӣ ва муттаҳидони аврупоии Амрико дар баробари тасмими Доналд Трамп вокуниш нишон доданд. Онҳо гуфтанд, ки ин тасмими тарҳи сулҳ миёни Исроилу Фаластиниҳоро аз байн хоҳад бурд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG