Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон дар порлумони Тоҷикистон суханронӣ мекунад


Соли гузашта ҳам рӯзи 22 декабр президент Раҳмон дар баробари маҷлис суханронӣ кард.
Соли гузашта ҳам рӯзи 22 декабр президент Раҳмон дар баробари маҷлис суханронӣ кард.

Рӯзи 22-юми декабр дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора масъулини Маҷлиси миллӣ хабар доданд.

Дар паёми худ Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба аъзои ҳарду палатаи порлумон муроҷиат хоҳад кард. Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи соли нав дар баробари аъзои ҳарду маҷлиси Тоҷикистон суханронӣ мекунад.

Соли гузашта дар паёми худ ба порлумони Тоҷикистон раиси ҷумҳур гуфт, то се соли оянда кишвар ба истиқлоли энержӣ даст ёфта ва сокинон аз панҷаи бебарқӣ раҳо хоҳанд шуд. Оқои Раҳмон сохтмони нерӯгоҳи Роғунро роҳи асосии наҷот донист ва афзуд, “дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор медарояд ва пас аз 3 сол истиқолияти энержӣ таъмин хоҳад шуд.”

Президент Раҳмон дар паёмаш инчунин, ба сокинони кишвар итминон дод, ки пасандози онҳо аз бонкҳо ба таври пурра баргардонда мешавад.

Аммо суханронии имсолаи президент дар шароите мегузарад, ки пардохтнопазирии бонкҳо соли 2017 яке аз чолишҳои аслии сокинони Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG