Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ вуҷуди гӯшти харро дар ҳасибҳои "Шаршара" тасдиқ кард


Додситонии кулли Узбакистон рӯзи 6-уми декабр расман тасдиқ кард, ки ба корхонаи ҳасиббарории "Шаршара" дар шаҳри Тошканд наздики 70 кило гӯшти хар оварда шудааст. Бино ба иттилои додситонӣ, кормандони корхона ин гӯштро бо гӯштҳои дигар омехта кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Хабар дода мешавад, ки гӯшти хар ба ин корхонаи Тошканд аз вилояти Хоразм оварда шудааст.

Як шаҳрванди Узбакистон бо исми Ш.Ш. Раҷабов мегӯяд, ба ин корхона ба таври мунтазам гӯшти хар меоварданд. Ба гуфтаи вай, ҳар килои он 1,5 доллар арзиш дорад.

Нисбат ба корхонаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо як соҳибкори узбак мегӯяд, тафтиш ва ифтитоҳи парванда зидди муассиси ширкати мазкур Лутфулло Убаев фармоишӣ аст.

XS
SM
MD
LG