Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп изҳороти интиқоли сафорати ИМА ба Байтулмуқаддасро мавқуф гузошт


Доналд Трамп дар ҳоле ки садои чархбол овозашро пахш мекард, ба суоли хабарнигорон посух дод. 4-уми декабри соли 2017
Доналд Трамп дар ҳоле ки садои чархбол овозашро пахш мекард, ба суоли хабарнигорон посух дод. 4-уми декабри соли 2017

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 4-уми декабр изҳороти расмӣ дар бораи қарори кӯч додани сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддасро мавқуф гузошт. Дар ин бора Кохи Сафед хабар дод ва намояндаи маъмурият Ҳоган Гидлӣ гуфт, эълони қарор "рӯзҳои наздик" сурат мегирад.

Қаблан Трамп 4-уми декабрро муҳлати ниҳоиии тасмимгирӣ муайян карда буд, ки оё фармони даст кашидан аз интиқоли сафорат аз Телавив ба Байтулмуқаддасро имзо кунад ё не. Ин гуна фармонро ҳар раиси ҷумҳур, аз соли 1995 ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳрик додани масъалаи бисёр ҳассоси Ховари Миёна, имзо мекунад.

Намояндагони маъмурияти ИМА мегӯянд, ки Доналд Трамп эҳтимол рӯзи 6-уми декабр изҳорот медиҳад ва Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф мекунад. Ин қадам хилофи сиёсати даҳсолаҳо шаклгирифтаи Амрико аст, ки метавонад хашми фаластиниҳоро ба бор биёрад. "Президент аз аввал гуфта буд: гап сари ин нест, ки ин таҳаввулот иттифоқ меафтад ё не, гап дар ин аст, ки кай ба вуқӯъ мепайвандад",- гуфт Гидлӣ.

Фаластиниҳо мехоҳанд, Байтулмуқаддаси шарқӣ пойтахти давлати ояндаи онҳо эълон шавад. Бисёр давлатҳо даъвои Исроил ба тамоми Байтулмуқаддасро, ки маконҳои муқаддаси яҳудиҳо, мусалмонҳо ва насрониҳо дар он ҷойгир аст, қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG