Пулиси Малта 10 нафарро бо гумони куштори блогер Дафне Каруана Калитсия боздошт кард. Дар ин бора нахуствазири Малта рӯзи душанбе, баъди ду моҳи таркидани мошини Галитсия хабар дод.
Ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Малта буда, бисёри онҳо доғи судӣ доранд.,- гуфт нахуствазир Ҷозеф Маскат, бе ироаи тафсилоти бештар. Пулис барои боздошт ва ё озод кардани гумонбарон 48 соат вақт дорад.
Каруана Галитсияи 53-сола рӯзи 16 октябр ҳангоми берун шудан аз хонааш дар шимоли Малта кушта шуд. Ӯ дар блогаш, ки бисёр муваффақ буд, бо тамракуз ба сиёсатмадорон ва бахши сиёсӣ аз мавридҳои эҳтимоли фасодкорӣ гузориш менавишт. Галитсия ҳамчунин "Авроқи Панама"-ро пайгирӣ мекард, ки мегуфт, сарватмандони кишвар барои пинҳон кардани дороиҳои худ аз оффшорҳо истифода мекунанд. Болгер сиёсатмадорони ҳукумат ва мухолифинро ба фасодкорӣ ва пулшӯӣ муттаҳам карда буд.
Ҳамаи онҳо иттиҳоми пешгузоштаи Галитсияро рад мекарданд. Дар тӯли 9 моҳ аз рӯи фаъолияти блогер 36 ариза бо "шикоятӣ аз "тӯҳмат" ба додгоҳ рафта буд. Куштори блогер Малтаро такон дод ва нигаронии Аврпуоро аз волоияти қонун дар Малта ба бор овард. Рӯзи ҷумъаи гузашта қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо хулосаи худро дар робита ба қазия нашр карданд ва гуфтанд, ки ҷинояткорон дар Малта "эҳсоси беҷазоӣ" мекунанд.