Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Мирзиёев: Эътирофи таҳти шиканҷа беэътибор дониста шавад


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармонеро имзо кард, ки ба эътибор гирифтани эътирофи гуноҳҳоро зери шиканҷа манъ мекунад.

Дар фармон "Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар фаъолияти додгоҳиву тафтишотӣ", ки 30 ноябр имзо шудааст, омадааст, давоми се моҳ боздоштгоҳҳо бояд бо дурбинҳои назоратӣ таъмин шаванд.

Бар асоси ин фармон, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шоҳидии шоҳидон, ҷабрдида, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, хулосаи тиббӣ, далели шайъӣ, сабти садо ва навор, ки бо вайрон кардани қонунгузории мурофиавӣ ба даст омадаанд, ба эътибор гирифта нахоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар фармон омадааст, ки тақаллуби далелҳо ва маҷбур кардан ба эътирофи гуноҳ ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG