Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Соли 2018 мардуми зиёд ба кумак ниёз пайдо мекунанд


Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон хостааст, ки дар таҳияи тақрибан 22,5 миллиард доллар барои кумак ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ ва эҳтиёҷмандон дар соли 2018 мусоидат кунанд.

Созмони Милал ин дархости худро рӯзи 1-уми декабр матраҳ кард ва гуфт, ки соли оянда бисёре аз мардум беш аз ҳар вақти дигар ба кумак ниёз пайдо хоҳанд кард. Марк Лоукок, масъули кумакҳои башарии СММ дар як эъломия гуфт, “буҳронҳои тӯлонимуддат боз ҳам манбаи аслии ниёзмандии мардум дар соли 2018 хоҳад буд.”

Бар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид наздик ба 136 миллион нафар дар 26 кишвар ба кумаки фаврӣ ниёз доранд. Ин созмон ҷиҳати кумак ба шаҳрвандони Сурия, ки дар натиҷаи ҷанг дар ин кишвар беҷо шудаанд, дар талоши таҳияи 7,66 миллиард доллар аст. Дархости СММ барои ёрии молӣ шомили 2,5 миллиард доллар ҷиҳати мусоидат ба осебпазиртарин афрод дар Яман ҳам мешавад. СММ соли гузашта 22,2 миллард доллар тақозо карда буд.

XS
SM
MD
LG