Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Толибон ба хобгоҳи донишгоҳи Покистон 9 кушта ба ҷой гузошт


Донишҷӯёни захмӣ дар саҳнаи ҳамла. 1 декабри соли 2017

Ҷангиёни мусаллаҳи Толибон, ки дар тан бурқа доштанд, бо ҳамла ба хобгоҳи донишгоҳи кишоварзӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, 9 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ карданд. Дар ин бора пулис ва манобеи бемористон рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Пулис ва нерӯҳои низомӣ, ки ба саҳнаи ҳодиса дар Пешовар даъват шуданд, дар ҷараёни даригирӣ дусоатӣ тамоми ҳамлагаронро аз байн бурданд.

Як мақоми беҳдошти Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади 9 нафар, бо шумули мурдаи се ё чор ҳамлагар ба бемористони маҳаллӣ интиқол ёфт.

Масъулияти ҳамларо Толибони Покистон, маълум бо номи "Таҳрики Толибони Покистон" бар дӯш гирифт. Сухангӯи ин гурӯҳи мусаллаҳ дар як паём гуфт, ки онҳо хонаи амни хадамоти истихборотро ҳадаф қарор доданд. Дар ҷараёни даргирии нерӯҳои амниятӣ бо ин гурӯҳи мусаллаҳ дастикам 35 нафар захмӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG