Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон "Starbucks"-и қалбакӣ баста шуд


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон қаҳвахонае, ки зери бренди маъруфи ҷаҳонӣ -- “Starbucks Coffee” фаъолият мекард, баста шуд. Дар ин бора манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ба ҷои ин қаҳвахона дар фурӯшгоҳи "Бахтиёрлик" бинои наверо бо номи "Стадион" бунёд доранд, ки ба муштариён маҳсулоти қаҳвахонаи пешинро бидуни бренди "Starbucks" пешниҳод хоҳад кард.

Раҳбарият ва кормандони "Бахтиёрлик" басташавии қаҳвахонаеро, ки се моҳ пеш зери брендӣ ҷаҳонӣ кушода шуд, расман шарҳ намедиҳанд. Вале яке аз кормандони қаҳвахона ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "коргоҳи онҳо баъди он баста шуд, ки дар расонаҳо навиштанд, ин қаҳвахона ба бренди ҷаҳонии “Starbucks Coffee” рабт надорад.

"Ман тасдиқ мекунам, ки мо дар Туркманистон нуқтаи савдое надорем", - навиштаанд расонаҳо аз номи сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати "Starbucks" Хайме Райлей (Jaime Riley).

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG