Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро "ҳанноти гузаро" номид, дар ҳоле, ки номи ӯро ба забон наовард. Баҳогузории Медведев ба Навалний рӯзи 30 ноябр дар ҷараёни сӯҳбати солонаи телевизиониаш. Аз нахуствазир пурсида шуд, ки маълумоти эҳтимоли даст доштанаш дар фасодкори ро шарҳ диҳад. Манзур филми мустанади Навалний "Он ва не Димон" буд, ки дар он нахуствазир ба фасодкорӣ муттаҳам мешуд.
Алексей Навалний дар ин филми таҳқиқотӣ, ки рӯзи 2 март пахш шуд, аз амлоки ғайриманқули зиёд гузориш дод, ки ба гуфтаи ӯ ба Медведев таалуқ доранд. Ин филм дар Ютуб 25 миллион мурӯр ба бор овард.
Медведов дар ин сӯҳбати телевизионӣ ба суоле, ки оё Владимир Путин дар интихоботи соли 2018 номзадиашро мақоми раёсати ҷумҳур пешниҳод мекунед ё не, посух надод, аммо гуфт, " ончӣ ба ман марбут мешавад, дар фасли сиёсии ҷорӣ худро дар нақши президент намебинам".