Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихнигори Лаҳистонро аз Русия берун карданд


Ҳенрик Глемботски

Хадамоти федеролии амнияти Русия - ФСБ, таърихнигори Лаҳистон Ҳенрик Глемботскийро бидуни шарҳ боздошт ва аз кишвар хориҷ кард. Дар ин бора Пажуҳишгоҳи хотираи миллии Лаҳистон рӯзи 26 ноябр гузориш дод.

Глемботский - доктори илм ва корманди донишгоҳи Ягеллонк аст. Ӯ аз 14 ноябр дар Русия буд. Рӯзи 22 ва 23 нобяр донишманди лаҳистонӣ дар дар дафтари созмони "Мемориал" ва дар пажуҳишгоҳи Лаҳистон дар Санкт-Петербург оид ба мавзӯи сарнавишти лаҳистониҳо дар солгарди "амалиёти лаҳистонии НКВД, дар замони террори бузурги соли 1937-38", суханронии боз баргузор кард.

Глемботскийро рӯзи 24 ноябр ҳангоми берун шуданаш аз қатор дар Маскав боздошт карданд ва дастури ФСБ-ро, ки мегӯфт ӯ дар 24 соат аз Русия хориҷ шавад, ба дасташ супурданд.

Ҷониби Русия то ҳол вазъиятро шарҳ надодааст.

Моҳи октябри соли равон Лаҳистон профессори донишгоҳи техникии Новосибирски Русия Дмитрий Карнауховро аз кишвар хориҷ кард. Ӯ ба фаъолият ба манфиати "давлати бадхоҳ" муттаҳам шуд. Намояндаи оҷонсии амнияти дохилии Лаҳистон гуфт, ки Карнаухов дар ҷанги ба гуфтаи ӯ "гибридӣ алайҳи Лаҳистон" иштирок мекард ва бо хадамоти мазхсуси Русия робита дошт. Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буданд, ки ин амали Лаҳистон беҷавоб намемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG