Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як пулис дар пахши тазоҳуроти мазҳабиҳо дар Исломобод. ВИДЕО


Амалиёти зидди Таҳрики лаббайк
Амалиёти зидди Таҳрики лаббайк

Дар натиҷаи даргирӣ миёни нирӯҳои амниятиву пулис ва эътирозгарони мазҳабӣ дар шаҳри Исломобод ҳадди ақал як пулис кушта ва 150 нафар захмӣ гардид. Аз талафот баъд аз роҳандозии амалиёте гузориш шуд, ки ҳадафи он поксозии як минтақа дар миёни Исломобод ва Равалпиндӣ буд. Дар онҷо тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ҷамъ шуда буданд.

Онҳо талаб доштанд, ки вазири қонуни Покистон барканор шавад. Зимнан, пас аз шиддат гирифтани хушунатҳо танзимгарони расонаҳои покистонӣ нашри барномаҳои телевизиониро аз маҳалли ҳодиса қатъ карданд.

Ҳудуди ду ҳазор тарафдори ҳизби исломии Таҳрики лаббайк ё Расуллалоҳ аз се ҳафта ба ин тараф дар чаҳорроҳаи миёни Исломобод ва Равалпиндӣ тазоҳурот мекарданд.

Покистон поксозии минтақа аз исломиҳоро оғоз намуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

XS
SM
MD
LG