Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини муштараки нирӯҳои Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ


Интизор меравад, моҳи оянда тамринҳои муштараки нирӯҳои ҳавоии Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ баргузор шавад. Мақомҳои ду кишвар бо тасдиқи ин хабар рӯзи 24-уми ноябр гуфтанд, ки тамринҳо аз чаҳорум то ҳаштуми декабр идома хоҳад кард.

Ин тамринот дар авҷи танишҳои шадид миёни Амрико ва Куриёи Шимолӣ ба хотири озмоиши мушакии Пхенян роҳандозӣ мешавад.

Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки ҳудуди 12 ҳазор нирӯи низомии ин кишвар дар тамрини муштарак бо Куриёи Ҷанубӣ иштирок карда, истифода аз 230 ҳавопаймо низ дар назар аст.

Куриёи Шимолӣ пайваста чунин тамринҳои низомиро маҳкум карда, онро таҳрикомез хондааст.

XS
SM
MD
LG