Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эммерсон Мнангагва дар мақоми президенти Зимбабве қасам ёд кард


Эммерсон Мнангагва чанд рӯз баъди истеъфои президент Зимбабве пас аз чанд рӯзи истеъфои Роберт Мугабе дар мақоми президенти ин кишвар савганд ёд кард. Ҳазорон нафар аз сокинони ин кишвари африқоӣ рӯзи 24-уми ноябр маросими савгандёдкунии президенти навро назора карданд. Эммерсон дуюмин президенти Зимбабве пас аз истиқлоли ин кишвар аз Бритониё дар соли 1980 аст. Роберт Мугабе, ки 37 соли охир раҳбари ин кишвар буд, дар паи талаби истеъфо маҷбур шуд аз мақом канор равад. Эммерсон дар савганди худ гуфт:

“Ман фармонбардор ва содиқ ба Зимбабве хоҳам буд. Қонунин асосӣ ва дигар қонунҳои кишварро эҳтиром мекунам”,

Мугабе соли 1980 дар паи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвар африқоиро ба ӯҳда дошт.Мунаққидон ва тарафдорони импичмент Мугаберо дар ғасби қудрат ба фоидаи ҳамсараш ва ҳам нотавонии раҳбарии давлат бино басолхӯрдагии президент айбдор мекарданд.

XS
SM
MD
LG