Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории ҳамоиши 5-уми “Ҳамкориҳои шарқӣ” дар Брюссел


Дар Брюссел ҳамоиши панҷуми “Ҳамкориҳои шарқӣ” ба кори худ оғоз кард. Дар ин ҳамоиш кишварҳои Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озорбойҷон ва Беларус ширкат мекунанд. Ин ҳамоиш дар як сол ду бор баргузор мешавад. Яке аз аҳдофи аслии ҳамоиши “Ҳамкориҳои шарқӣ” тақвияти субот ва демократия, ҳамгироии иқтисодӣ дар марзҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст.

Дар назар аст, Тереза Мэй, нахуствазири Бритониёи Кабир низ дар ин ҳамоиш ширкат карда, дар бораи таҳдидҳо аз ҷониби Русия сӯҳбат кунад.

Қаблан, хадамоти матбуоти нахуствазири Бритониё хабар дод, ки Тереза Мэй дар ин ҳамоиш аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ даъват мекунад, ки дар муқобили омилҳои бесуботкунанда аз ҷониби Маскав як ҷо истодагарӣ кунанд.

Интизор меравад, ки Бритониё барои ин кишварҳо 100 миллион фунт стерлингро барои мубориза ба иттилои тақаллубӣ ҷудо кунад.

“Ҳамкориҳои шарқӣ” соли 2009 бо ибтикори Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфт. Русия борҳо ин гуна ҳамкориҳоро таҳдид ба манфиатҳои худ унвон кардааст. Дар Брюсел ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG