Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон тасмим дорад узви СҶТ шавад


Узбакистон гуфтугӯҳо барои шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ)-ро дубора оғоз кард. Дар ин бора президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 ноябр дар форуми тиҷоратӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Вай ҳамчунин гуфт, Узбакистону Корея ният доранд, барои ҳамкорӣ дар мавриди шомил шудан ба СҶТ "харитаи роҳ"-и муштарак қабул кунанд.

"Корея нахустин кишварест, ки мо бо он чунин ҳуҷҷат имзо мекунем. Ба ҷуз ин, бо шарикони кореягӣ эҳтимоли рушди тиҷорати дуҷонибаро баррасӣ мекунем", - гуфт Мирзиёев.

Пештар аз ин дар доираи сафари Мирзиёев ба Корея миёни ҳукуматҳои ду кишвар барои шомил шудани Узбакистон ба СҶТ тафоҳумнома ва "Харитаи роҳ" имзо шуд.

XS
SM
MD
LG