Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мулоқоти рӯзи 23 ноябр дар Брюссел вазъи минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот Алиев бори дигар аз мавқеи Арманистон дар робита бо ин минтақа дар солҳои истиқлолияти ду кишвар интиқод кард. Столтенберг дар нишасти матбуотии баъди ин мулоқот Қаробоғи Кӯҳиро “масъалаи мавриди нигаронӣ номид” ва таъкид кард, ки ҳарду ҷониб бояд аз тавсеаи ихтилофҳо худдорӣ кунанд:
"Низои ҳалношудаи Қаробоғи Кӯҳӣ як масъалаи мавриди нигаронӣ аст. Мусалламан, ин мавзӯъ роҳҳали низомӣ надорад. НАТО ҳам дар ин қазия нақши мустақим намебошад. Мо аз кори Гурӯҳи Мински САҲА ҷонибдорӣ мекунем. Ман аз музокироти нави шумо бо президенти Арманистон хушбин ҳастам. Шуморо даъват мекунем, ки аз роҳи музокира пеш равед ва ба тавсеаи мушкилоти нав роҳ надиҳед”.
Алиев дар навбати худ гуфт, вазъ дар атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ тағйир намеёбад ва Арманистонро дар он муттаҳам кард, ки ин вазъи номуайяниро пуштибонӣ кардааст.
Минтақаи рӯ ба Арманистони Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аксар сокинонаш арманитаборҳо мебошанд, дар ҷараёни низои мусаллаҳонаи аввали солҳои 1990-ум бо марги 30 ҳазор нафар анҷомид. Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли ин масъала то ҳол натиҷаи кам додааст. Дар миёни музокиракунандаҳои байналмилалии ин қазия дар баробари САҲА, ки бо исми “Гурӯҳи Минск” шинохта шудааст, Фаронса, Русия ва ИМА иштирок мекунанд.