Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоева: "Дар кишваре зиндагӣ дорем, ки қудрату сиёсат пойдор аст"


Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев
Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев

Вакили сенати порлумон ва духтари калонии президенти Қазоқистон Дариға Назарбоева гуфт, ки бо шарофати ҳукмфармоии амну субот дар кишвараш қазоқистониҳо “бузургтарин хушбахтӣ” – имкони тарҳрезии зиндагии худро доранд.

Ба иттилои хабаргузории расмии “Казинформ”, ин нуктаро Назарбоева рӯзи 23-юми ноябр дар мулоқот бо хонандагони синфҳои кадетӣ ва клубҳои низомии ватандӯстӣ дар шаҳри Остона баён доштааст.

“Мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки қудрату сиёсат пойдор ва ҳама чиз пешгӯишаванда аст. Ҳатто зиндагии мо низ барои чанд соли оянда пешгӯишаванда аст. Дасти кам, мову шумо бузургтарин хушбахтӣ -- имкони тарҳрезии зиндагии худро дорем. Метавонем, таҳсил ва кор кунему ба мақсадҳои худ бирасем”, - иқтибос овардааст расона аз суханони Назарбоева.

Вазири дифои Қазоқистон дар ин мулоқот ба духтари калонии Нурсултон Назарбоев медали “Ел корганӣ” дараҷаи якум дода, ба хотири дастгириҳояш аз тавонмандии дифоии кишвар миннатдорӣ баён кардааст. Ин медал моҳи марти соли гузашта барои “беҳтарин хидматчиёни ҳарбӣ” таъсис дода шуд.

Дариға Назарбоеваи 54-сола моҳи сентябри соли гузашта бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон -- сенати Қазоқистон таъйин шуд. То ин дам ӯ тайи чанд сол муовини сарвазир буд. Дар сенат кумитаи умури муносибатҳои байналхалқӣ, дифоъ ва амниятро раҳбарӣ мекунад. Вай бо як қатор мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG