Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Шӯрои федератсия тасвиб шуд


Райъдиҳӣ дар палатаи болоии порлумони Русия
Райъдиҳӣ дар палатаи болоии порлумони Русия

Палатаи болоии порлумони Русия - Шӯрои федератсия, рӯзи 21 ноябр тарҳи қонунеро, ки матбуоти хориҷиро ба "агентҳои хориҷӣ" баробар медонад, тасвиб кард.

Тарҳи қонун қаблан дар Думаи давлатии Русия якдилона тасвиб шуд. Маскав қабули қонунро посух ба Амрико унвон кард, ки шабакаи телевизионии таҳти назорати Кремлинро ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабт кардааст.

Ба ин санад акнун бояд раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имзо гузорад.

Рӯзи гузашта Шӯрои федератсия гуфт, ки сарфи назар аз иддаои Шӯрои президентӣ дар умури ҳуқуқи инсон, санад тасвиб мешавад. Шӯрои ҳуқуқи инсон бо ишора ба номушаххас будани баъзе истилоҳҳо, баррасии дубораи тарҳ дар Думаи давлатиро тавсия дода буд.

Аммо дар палатаи болоии порлумон гуфтанд, ки "қарор бояд ҳамин ҳоло қабул шавад, "баъдан онро мешавад суфта кард". Тамара Моршакова, додгустари собиқи Додгоҳи Қонуни асосии Русия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасвиби қонунро "қарори сиёсӣ " унвон кард.

Баъди қабули қонун дар Думаи давлатӣ, Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ ва дигар лоиҳаҳои ин радио дар Русия дар бораи эҳтимолан маҳдуд шудани фаъолиятҳояшон огоҳӣ фиристод. Аммо Томас Кент, президенти "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" гуфт, "телевизиони RT дар Амрико тавассути кабел пахш мешавад, дар ҳоле ки Радиои Озодӣ дар Русия аз ин имконият маҳрум аст".

XS
SM
MD
LG