Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоми гумонбар дар таҷовузи кӯдак 21 сол зиндонӣ шуд


Масҷиде дар Қирғизистон
Масҷиде дар Қирғизистон

Додгоҳи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи 21-уми ноябр ҳукми имомеро содир кард, ки ба таҷовузи писари 10-сола муттаҳам мешуд.

Ба иттилои маркази матбуотии додгоҳ, имом дар асоси моддаи "Ҳаракатҳои маҷбурии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ" айбдор ва барои 20 сол зиндонӣ гардид. Додгоҳ ӯро, инчунин, дар нигаҳдории маводи мухаддир ва тундгароӣ айбдор дониста, 3 сол ҳукм дод. Дар маҷмуъ, имом 21 сол зиндонӣ шуд.

Сокини деҳаи Ат-Чабари ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод рӯзи 18-уми июни соли 2016 ба милиса хабар дод, ки писари даҳсолаи ӯ борҳо аз сӯи имоми маҳаллӣ таҷовуз шудааст. Модари кӯдак мегӯяд, мард писари ӯро қариб як сол таҷовуз кард ва волидон аз ин ҳолат тасодуфан огоҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG