Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхони маъруфи опера Дмитрий Хворостовский даргузашт


Дар паи бемории тӯлонӣ дар шаҳри Лондон яке аз ситораҳои маъруфи ҳунари опера Дмитрий Хворостовский даргузашт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС намояндаи ҳуқуқии овозхон Анна Илина хабар дод. Ба иттилои расмӣ, марги Хворостовский соати 3:20 шаби 22 ноябр дар Лондон ба қайд гирифта шуд. Давоми дуюним соли охир овозхон аз бемории саратони мағзи сар азият мешуд. Ӯ 55 сол дошт. Рӯзҳои охирини умри Хворостовский дар як бемористони канори шаҳри Лондон дар ҳалқаи наздиконаш сипарӣ шуд.

Хворостовский падари чор фарзанд буд.

Аз охири соли 2016 бо сабаби авҷ гирифтани бемориаш Хворостовский дигар ба саҳна намебаромад. Бори охир ӯ июни соли ҷорӣ дар ҷашнвораи "Grafenegg"-и Австрия дар консерте бо номи «Дмитрий ва дӯстони ӯ» ҳунарнамоӣ кард. Сентябри соли 2017 исми Хворостовскийро ба бурдани ҷоизаи баланди давлатии «Барои хидмат ба ватан» пешбарӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG