Пайвандҳои дастрасӣ

Истихроҷи ангиштсанг 2 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод


Тоҷикистон мехоҳад дар соли ҷорӣ ҳудуди 2 миллион тонна ангиштсанг истихроҷ кунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 22 ноябр масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон хабар доданд. То ҳол дар конҳои кишвар беш аз 1,5 миллион тонна ангиштсанг истихроҷ шудааст. Соли гузашта кӯҳканҳои тоҷик бори аввал ҳудуди 1 миллион тонна ангиштсанг истихроҷ карда буданд, аммо имсол ба далели тавсеаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва лағви маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ талабот ба ин навъи сӯзишворӣ бештар шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳудуди 1 миллион тонна ангиштсанги истихроҷшуда барои бароварда сохтани ниёзҳои Маркази гармидиҳиву барқии "Душанбе-2" сарф карда мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки лағви маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели аз фаъолият бозмондани бахши аслии корхонаи алюминии Тоҷикистон "Талко" имконпазир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 22 ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар конҳои Тоҷикистон дар пайи садамаҳо 10 кӯҳкан ҷони худро аз даст додааст. Аз ҷумла, дар пайи садама дар кони Зарнисор як нафар кӯҳкан ҷон бохта, маъмурони кумита се нафари дигарро наҷот додаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин манбаъ, танҳо дар соли ҷорӣ дар пайи 86 ҳодисаҳои табийӣ, назири тармафароӣ ва селобҳову зилзила дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон беш аз 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG